Муаррифии Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2024-2028

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳ Душанбе бо иштироки Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Секо, Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмиллалӣ, Созмони ташаббуси рушди Интосайт, намояндагони вазорату идораҳои марбута ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ “Инсайд”ва муаррифии Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2024-2028 баргузор гардид.

Зимни муаррифии Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва татбиқи лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ “Ҷисайд” Файзалӣ Аҳмадзода муовини раиси Палатаи ҳисоби ҶТ таъкид дошт, ки лоиҳаи Ҷисайд дар чаҳорчубаи узвияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони байналмиллал мақоми олии аудит интосайт шурӯъ аз соли 2022 татбиқ гардида истодааст, ки ҳадаф аз лоиҳаи мазкур дастгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 давлати дигари рӯ ба тараққӣ буда, дар давоми ду сол мақоми мо дар баробари ин кишварҳои аъзои лоиҳа ислоҳоти институтсиалии худро вусъат бахшидааст.

Сипас, Ашурзода Ғиёсиддин Вакили МНМО-ии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, изҳор дошт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоди олии аудити кишвар маҳсуб ёфта, аудити берунаи мустақили давлатиро оид ба баҳодиҳӣ ва лоиҳаҳои буҷетии давлатӣ, ҳисоботи маҷмӯи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ анҷом медиҳад.

Инчнуин дар рафти чорабинӣ Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоби ҶТ барои солҳои 2024-2028 аз ҷониби Ғалимат Мавлонзода сардори раёсати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Баъд аз муаррифии Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2024-2028 миёни ширкаткунандагон муҳокимаи озод сурат гирифт.

Дар фароварди чорабинӣ тавзеҳ дода шуд, ки ҳадафи ниҳоии мақоми олии аудит роҳандозии равандҳои рушд буда, дастгирии шарикони рушд аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоб барои давраи солҳои 2024-2028 арзёбии самаранокии идоракунии захираҳои давлатӣ, такмили фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудит, таъмини сифати аудит ва ҳисоботҳои аудиторӣ дар заминаи стандартҳои касбӣ аз рӯи принсипҳои “Инсайд”, таъмини рушди нерӯи касбӣ ва омӯзиш, ҷорӣ намудани раванди аудити мутобиқати молиявӣ ва самаранок, инчунин таъмини шаффофияти ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор пешбинӣ гардидааст.

Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”