Имрӯз дар рӯзи 11-уми Чемпионати Осиё дар Таиланд муштзани тоҷик Акмал Убайдов барандаи нишони тилло шуд.
Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дода, менависад, ки ин аввалин нишони тиллои Тоҷикистон дар мусобиқа мазкур дар Таиланд мебошад.
Муштзани тоҷик Акмал Убайдов зери вазни 60 кг дар Чемпионати Осиё дар Тайланд барандаи медали тилло шуд. Дар финал Убайдов бар намояндаи Ҷопон Сота Накайама бо ҳисоби 4:1 ғалаба ба даст овард.
Убайдов дар роҳ ба финал муқобили намояндаи Қазоқистон Билбарс Жехен ва намояндаи Украина Айдер Абдураимов зафар ёфта буд.
Ҳамин тавр, пас аз 5 сол Акмал Убайдов барои Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё медали тилло меорад. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 аз Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.
Ҳамчунин, дар таърихи бокси Тоҷикистон соли 2005 Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов соли 2011 ва Баҳодур Усмонов соли 2019 барандагони медали тилло дар мусобиқаҳои Чемпионати Осиё мебошанд.