Соли 2025 дар кишварҳои узви СААД машқҳои муштараки низомӣ доир мегардад

Соли 2025 дар Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон машқҳои низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешаванд. Дар ин бора Агентии иттилоотии ТАСС дар такя ба маълумоти дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмағамбетов хабар додааст. Кишварҳои узви СААД ҳамасола нақшаи омодагии амалиётии ҷангии кормандони низомии худро мувофиқа мекунанд.

Ҳамин тариқ, имсол дар Қирғизистон тамринҳои “Рубеж-2025” ва “ҷамъомад бо фармондеҳии нерӯҳои зудамали кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар чаҳорчӯби тамринҳои “Бародарони ҷангӣ – 2025” баргузор мешаванд.