Конфронси 16-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ оғоз гардид

Конфронси 16-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз ифтитоҳ гардид. Кофнронс таҳти шиори «Ояндаи мо» баргузор мегардад.

Дар маросими ифтитоҳ иштирокчиён аҳамияти барқарорсозии заминро таъкид намуда, онро яке аз василаҳои муассир барои ҳалли баъзе мушкилоти бузург аз қабили тағирёбии иқлим маънидод карданд. Ҳамзамон, дар конфронс зикр гардид, ки то соли 2050, 7,5 миллиард нафар аз хушксолӣ осеб мебинанд.

Ҳамасола, дар ҷаҳон дар натиҷаи хушксолӣ 100 миллион гектар ҷангал ва алафзорҳо сухта нобуд мегардад, ки ин ҳолат ба 3 миллиард нафар аҳолии сайёра таъсири манфии худро мерасонад. Интизор меравад, ки ширкаткунандагон дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ дар бораи иқдомоти дастаҷамъона барои барқарор кардани замин, беҳтар кардани устуворӣ ба хушксолӣ ва тӯфонҳои қум, барқарорсозии системаи хок ва тавсеаи истеҳсоли ғизо дар асоси табиат то соли 2030 ва баъд аз он тасмим гиранд.