Масъалаи азнавбарқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳан ба тариқи хатсайри «Душанбе–Москва», кушодани хатсайрҳои байналмилалии автобусҳои «Душанбе–Москва», «Бохтар– Москва», «Хуҷанд–Қазон», «Хуҷанд– Москва» ва «Хуҷанд– Екатеринбург» зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Роман Старовойт баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин масъала зимни иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии XVIII «Нақлиёти Русия – 2024» дар шаҳри Москва, ки то 26 ноябр идома меёбад, муҳокима карда шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт ва афзоиши ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти заминӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои таҳкими ҳамкории минбаъда имконот мавҷуд ҳастанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳори итминон намуд, ки бо талошҳои муштарак муқаррароти ин ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла тадбирҳои дар «Харитаи роҳ» пешбинишуда доир ба густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика ва нақлиёти мултимодалӣ самаранок амалӣ мешаванд.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия пешниҳод кард, ки масъалаи коҳиш додани нархҳо барои хизматрасонӣ оид ба интиқоли борҳои воридотию содиротӣ бо нақлиёти роҳи оҳан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қаламрави Федератсияи Русияро дар назар гиранд.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роҳҳои оҳани Русия» оид ба таъминот ва маблағгузории имтиёзнок, аз ҷумла хариди вагонҳои боркаши инноватсионӣ, вагонҳои мусофирбар ва локомотивҳо, маводи роҳи оҳан ва қисмҳои эҳтиётӣ барои эҳтиёҷи Роҳи оҳани Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.