Оғози Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Белорус оғоз гардид, ки он то 27-уми ноябри соли равон идома хоҳад кард.

Дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ, имрӯз дар осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳи намоишгоҳи адабӣ ва ҳуҷҷатӣ зери унвони “Бо хуни дил” доир гардид.

Дар намоишгоҳ намояндагони вазорати фарҳанги ҳарду кишвар ва меҳмонону кормандони осорхона иштирок доштанд. Номи намоишгоҳ – “Бо хуни дил” аз маҷмӯи ашъори шоирони Белорус гирифта шуда, дар бораи рӯйдодҳое нақл мекунад, ки халқи Белорус онро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сар гузаронидаанд.

Ҳарчанд дар доираи рӯзҳои фарҳангии Белорус дар Тоҷикистон намоишгоҳҳо оғоз гардиданд, вале расман маросими ифтитоҳӣ имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус соли 1996 оғоз гардидаанд.

Бо мақсади муаррифӣ фарҳанги ҳарду кишвар солҳои 2008, 2016 ва 2021 рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Белорус ва солҳои 2007, 2015 ва 2018 бошад рӯзҳои фарҳангии Белорус дар Тоҷикистон баргузор гардидаанд.

Рустам Зоирзода,

радиои “Тоҷикистон”