Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ ба шаҳрванд Ҳоҷиматов Алишер – истиқоматкунандаи деҳаи Навбаҳор, ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, ки рӯзи 25 майи соли 2024 бар асари омадани сел хонаи худро аз даст дода буд, калиди манзили нави истиқоматиро супупрдааст.
Тавре КҲФ хабар додааст, дар асоси фармоиши Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ба хонаводаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дида буданд, масолеҳи зарурии сохтмонӣ тақсим шуда буд.
Инчунин, пули мошингузари роҳи деҳаҳои Ҳаёти нав ва Бӯстони ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳия, ки санаи 25 майи соли 2024 аз офати табиӣ қисман зарар дида буд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд.