Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ба кор оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҳадафи форум пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо ва таҳлили оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки 20 ноябр дар тамоми дунё Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил гардида, он ба некӯаҳволии кӯдакон дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст.
Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. Имсол аз тасвиби ин Конвенсия 31 сол сипарӣ гардид.
Дар мамлакат барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.