COP29: Нигаронии иштирокдорон аз афзоиши партовҳои зарарнок ва гармои ҳаво

Раванди тағйирёбии иқим яке аз мушкилоти глобалисет, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бино ба изҳороти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тағирёбии иқлим ба омилҳои саломатии иҷтимоӣ ва муҳити зист, аз қабили ҳавои тоза, оби тозаи ошомиданӣ, ғизои кофӣ ва паноҳгоҳи бехатар таъсир мерасонад. Ҷиҳати паст кардани шиддати хавфу хатарҳои марбут ба обу иқлим ҳамасола нишати СММ бо доираи васеъи намояндагони кишварҳои ҷаҳон баргузор мегардад. Имсол, мизбони саммти 29-уми обу иқлим Озорбойҷон мебошад. Конфронс аз рӯзи 11-уми ноябр шуруъ гардид ва он то рӯзи 22-ум идома хоҳад кард. Дар доираи конфронс як қатор масъалаҳо вобаста ба тағйирёбиии иқлим мавриди барассӣ қарор дода шуда, ҳуҷҷатҳои муҳим ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо қабул карда мешавад.
Конфронси имсолаи байналмилалии иқлим назар ба музокироти соли гузашта дар шаҳри Дубайи Аморати мутаҳидаи Араб бо шумораи ками иштирокчиён баргузор мегардад. Роҳбарони бархе аз кишварҳои ҷаҳон, ки аз ҷиҳати партоби газҳои гулхонаӣ пешсаф ҳастанд, аз иштирок дар конфронс даст кашиданд. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар конфронс ширкат намекунад, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Олаф Шолс, роҳбарони Бразилия, Британияи Кабир, Россия, ИМА Чин, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ, Сарвазири Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса ва сарвазири Австралия Энтони Албанесе низ дар конфронси иқлими имсол ширкат намекунанд.


ИМА аз ҷиҳати ифлосшавии ҳаво пас аз Ҷумҳурии мардумии Чин дуввумин кишвар маҳсуб мешавад. Дар охири соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли гази карбон дар ИМА 3% коҳиш дода шуда, наздики 5 миллиард тоннаро ташкил дод. Аммо коршиносон бар он назаранд, ки вазъият метавонад дар солҳои наздик тағйир ёбад. Бо пирӯз гардидани Доналд Трамп ба ҳайси президенти Амрико эҳтимол аст, ки ин кишвар аз нақшаҳои ҷаҳонии мубориза бо тағирёбии иқлим берун равад. Алакай Доналд Трамп эълон кард, ки аз созишномаи иқлимии Париж канор мекравад. Ба гузориши портали бритониёии Carbon Brief, Иёлоти Муттаҳида таҳти раҳбарии Трамп метавонад бо афзоиши тавлиди нафту газ ва ангишт то соли 2030 мизони газҳои гулхонаиро 4 миллиард тонна афзоиш диҳад.
Ҷумҳурии Озорбойҷон, ки яке аз кишварҳои содиркунандаи сузишвории истихроҷкунанда ва дар айни замон мизбони саммити обу иқлим ҳаст, зери танқиди шадиди кишварҳои ғарб қарор гирифтааст.

Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев нишасти иқлимии COP29-ро бо интиқоди шадиди кишварҳои ғарбӣ ифтитоҳ кард ва онҳоро ба харидани гази озарӣ муттаҳам кард ва ҳамзамон аз иқтисоди вобаста ба сӯзишвории истихроҷи ин кишвар интиқод кард. Зимни суханрониҳои пешбинишудаи ду рӯзи аввали раҳбарони ҷаҳон, Алиев расонаҳои ғарбӣ, фаъолони иқлим ва мунаққидони саноати нафту гази Озарбойҷонро сахт танқид кард ва онҳоро “риёкор” номид, зеро Иёлоти Муттаҳида бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон аст.


“Озарбойҷонро “давлати нафтӣ” номидан аз рӯи адолат нест, зеро ин кишвар камтар аз 1% истихроҷи нафту гази ҷаҳониро ташкил медиҳад. Нафту газ, шамол, офтоб, тилло, нуқра, мис ин ҳама сарвати табиӣ аст. Набояд кишварҳоро дар доштан ва ба бозор баровардани онҳо гунаҳкор кард. Албатта, мо ҷонибдори гузариш ба иқтисоди сабз хоҳем буд ва мо барои ноил шудан ба ин ҳадаф ҳама корро мекунем. Аммо дар айни замон, мо бояд рақамҳои воқеиро зикр кунем”-ибро намуд Илҳом Алиев.

Яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иқлим ин партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера мебошад. Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар умум 99 дар сади аҳолии дунё аз ҳавое нафас мекашанд, ки олудаи таъсиррасонҳо буда, ба саломатии инсон хатар дорад. Ҳамасола дар ҷаҳон дар натиҷаи олудагии ҳаво миллионҳо нафар мефавтанд. Коршиносон, сабаби олудагии ҳаворо пеш аз ҳама ба зиёд гардидани теъдоди корхонаҳои саноатӣ ва партоби газҳои гулхонаӣ рабт медиҳанд.

Партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво яке аз масъалаҳои асосиест, ки ҳамасола дар меҳвари Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим қарор мегирад. Соли 2015 дар пойтахти Фаронса тақрибан 200 кишвар ба мувофиқа расида буданд, ки ҷиҳати коҳиш додани ҳарорати ҳаво то 1,5˚С талош меварзанд. Аммо, тибқи мушоҳидаҳои метреологӣ ва арзёбии иқлимшиносон сол то сол ҳарорати ҳаво баланд гардида истодааст. Соли гузашта партовҳои гази карбон аз сӯзишвории истихроҷшуда афзоиш ёфта, ба сатҳи баландтарини рекордӣ расид.

Тибқи гузориши СММ дар соли 2024 партобҳои заҳрнок дар муқоиса бо соли гузашта 0,8% афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 37,4 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла афзоиши партовҳои гази карбон 2,4%, нафт 0,9% ва ангишт 0,2% пешбинӣ гардидааст. Аксари кишварҳои ҷаҳон уҳдадориҳои худро ҷиҳати иҷрои созишномаи Париж дар мавриди коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ иҷро намекунанд. Тибқи пажӯҳиши Созмони Милали Муттаҳид, 75 дарсади партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон танҳо ба 20 кишвари ҷаҳон рост меояд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои Аврупо шомиланд.
Имрӯз ҶТ бо дарназардошти паст кардани хавфу хатарҳои офати табиӣ тадбирҳои мушахасеро роҳандозӣ кардааст. Бахусус, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои рушди устувор дар самти мубориза бо тағйирёюбии иқлим як қатор тадбирҳоро руи кор гирифтааст. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро қабул намуда, дар назди худ ҳадафҳои бузург гузоштааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим зикр намуданд, ки мо ният дорем, то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем. “Имрӯз аллакай 98 фоизи барқи мо аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз мебошад ва аз рӯйи ин нишондод мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорем”-таъкид намудан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар изҳороти Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки то нимаи асри 21 танҳо дар 6 минтақаи ҷаҳон беш 200 миллион нафар бинобар сабаби тағирёбии иқлим, хушксолӣ, камбуди об ва шароити номусоиди биоиқлимӣ ба мушкилӣ ру ба ру хоҳанд шуд. Ҳамзамон, СММ гузориш медиҳад, ки дар натиҷаи гармшавии глобалии ҳаво ва тағйирёбии иқлим то соли 2100 аз се ду ҳиссаи пиряхҳои ҷаҳон нобуд мешаванд, ки ин ҳолат боиси обхезии шадид дар як қатор кишварҳо мегардад. Бузургтарин пиряхҳо дар рӯи замин дар Антарктида ва Гренландия ҷойгиранд. Аз сабаби афзоиш ёфтани партовҳои гази карбон ва дигар газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера ҳарорати ҳаво баланд мешавад. Тибқи маълумоти СММ, аз аввали солҳои 1990-ум инҷониб дар Антарктида тақрибан 3 триллион тонна пирях об шудааст. Ба андешаи олимону коршиносон бинобар сабаби гармшавии глобали ҳаво ҳаҷми боришот дар кӯҳҳо кам гардида, боиси коҳиш ёфтани ҷараёни об мегардад. Дар баробари гарм шудани кураи Замин пиряхҳо об шуда, сатҳи оби баҳрҳо баланд гардида, боиси обхезӣ дар минтақаҳои наздисоҳилӣ мегардад.

Бархе аз таҳлилгарон баргузории конфронсҳои сатҳи баланд ҷиҳати тағйирёбии иқлимро дар самти аз байн бурдани хавфу хатарҳои офати табиӣ бенатиҷа мехонанд. Зеро, на ҳамаи кишварҳо созишномаҳои ба тавофуқрасидаро риоя мекунанд. Гарчанде, ки имрӯз кишварҳои ҷаҳон тавассути ҷорӣ кардани манбаъҳои барқароршавандаи энергия партоби газҳои карбонро коҳиш дода истода бошанд, ҳам аммо ин нишондиҳанда, ҳануз ҳам кофӣ нест. Ба андешаи олимону коршиносон агар кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ба ин васила то 1,5 дараҷа паст кардани ҳарорати ҷаҳонии ҳаво тадобири заруриро руи кор нагиранд, то охири аср сайёраро вазъи ногувори обу иқлим таҳдид мекунад.

Баҳруллои М.