Оила яке аз рукнҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад. Асоси пешравии оила, албатта, оилаи солиму бофарҳанг маҳсуб меёбад. Барои он ки ҷомеаи мутамаддин пешрафта бошаду фарҳангу маърифати оиладорӣ хуб ба роҳ монда шавад, мо бояд сари ин масъала биандешем. Вақте зану мард бо ҳамдигар хонадор мешаванду фарзанд ба дунё меоранд, бояд ки унсурҳои оиладориро пос доранд. Бо ҳамдигар муносибати меҳрубонона дошта, фарҳангу маърифати оиладориро риоя кунанд.
Дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ, самимият ва эҳтиром миёни ҳамсарҳо вуҷуд дорад, дар он ҷо оромиву хушбахтӣ бопарҷост. Ва дар оилае, ки ҷанҷол бошад, файзу баракати он хонадон коста мегарадад. Андешаҳои исломшинос Нигина Назарова дар ин мавзӯъ чунин аст: «Оила хеле муқаддаст аст, бахусус дар ислом. Чунки ҳар коре мешавад,ҳар чизе мешавад аз оила сар мешавад. Оилаи солим ҷомеаи солим аст. Домони зан – модар худ мактаби бузург аст. Ва вақте инсон дар домони хонавода солим ба воя мерасад, дар ҷомеа солим пешниҳод мешавад. Ҳамаи мо бояд кӯшиш кунем, баҳри пойдории оилаи солим андешаҳои солим дошта бошем. Баъзан хушунатҳои хонаводагӣ мешавад, фикр мекунам, ки ин гуна зану шавҳарон пойдевори мустаҳкам надоранд. Вақте ки инсон дар оила тарбияи дуруст нагирифт, вай ба аъзои хонаводааш зулм мекунад. Ё ин ки зан нисбат ба шавҳараш эҳтироми хос намегузорад. Фарзандон низ мебинанд, ки волидони онҳо чӣ гуна бо ҳам муносибат доранд, онҳо низ дар ҳамин рӯҳияи бемеҳрӣ ва муҳити носолим ба камол мерасанд»
Ба андешаи ӯ бояд ки зану мард пеш аз издивоҷ якдигарро хуб шиносанд. Ҳам зан ва ҳам мард лоиқи эҳтиром аст. Чунки зиндагӣ муштарак аст. Зану мард бидуни ҳамдигар зиндагӣ карда наметавонанд. Онҳо бояд ба ҳамдигар меҳру муҳаббат ва эҳтироми хоса дошта бошанд.
«Алахусус, занҳо бояд дар хонавода устувор бошанду ба моли шавҳар хиёнат накунанд. Фарзандони хубро тарбия кунанд. Дар ин ҳолат эҳтироми мард низ нисбат ба занаш афзун мегардад. Бояд бартарии мард дар хонавода бошад. Ҳам аз ҷиҳати дониш ва ҳам аз ҷиҳати таъмини хонаводааш. Дар ислом эҳтироми шавҳар мартабаи боло дорад. Ва дар баробари ин, мард ҳам зани худро ҳамчун шарики зиндагӣ ва модари фарзандонаш дӯст дорад ва иззату эҳтиром намояд»- таъкид кард исломшинос, Нигина Назарова. Ӯ иброз дошт, ки зиндагӣ дар асоси боварию эътимод ва эҳтиром ба вуҷуд меояд. Дар оила падару модар чӣ гунае, ки муносибат кард, фарзандон низ дар ҳамин рӯҳия ба камол мерасанд.
Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонони имрӯз оила бунёд мекунанд, вале якчад муддат зиндагӣ накарда, зуд хонавайрон мегарданд.
Сабаб дар он аст, ки онҳо дар ҳаёти оилавӣ якдигарфаҳмӣ надошта, бо ҳам муносибати хуб надоранд. Эҳтироми якдигарро ба ҷо намеоранд. Аз чунин муомилаи волидон фарзандон низ меомӯзанду дар ҳамин гуна рӯҳия тарбия мегиранд. Вале хушбахтона, оилаҳое ҳастанд, ки дар пояи муҳаббати тарафайн бунёд гардида ва аксаран ин муҳаббату садоқати самимӣ то охири умр нигоҳ дошта мешавад. Он оилаҳо таҷрибаи зиндагии хуб доранд. Фарҳангу маърифати оиладориро ба дараҷаи аъло бурдаанду фарзандони хубу ботаҷриба ба камол расонидаанд. Як нафар сокини ноҳияи Рўдакӣ, Ҳоҷимуҳаммадии Сайидмуродзода, ки синну солаш ба айёми пирӣ расидааст, дар хусуси он ки зану шавҳар дар оила чӣ гуна муносибат дошта бошанд, ақидаҳояшро изҳор намуд: «Зан дар кадом соҳае набошад, муҳимтарин шахсе ҳаст, ки барои тозагӣ барои тарбияи фарзандон нақши муҳим дорад. Барои ҳамин, ман оилаамро иззату эҳтиром мекунам. Чунки ӯ модари фарзандони ман аст. Вақте ман аз кор ба хона меоям, маро хуб пешвоз гирифта, хӯрокҳои гарму болаззатро барои ман омода карда меорад. Ман низ эҳтироми ӯро ба ҷо меорам. Дар оилаи мо низоъ ва нофаҳмиҳо нест. Ҳамсарам фарзандони маро хуб тарбия медиҳад».
Ҳамсӯҳбати мо ақида дорад, ки агар дар оила нофаҳмиҳо ва муносибати хуби оиладорӣ набошад, меҳру муҳаббат аз байн рафта, ноустувории оилаҳо ва ҳатто то ба ҷудошавии оилаҳо сабаб мегардад.
Муҳити хуби оила, муносибати хайрхоҳонаву ғамхоронаи падару модар худ тарбиятдиҳандаи фарзандон мегардад. Чӣ тавре маълум аст, кўдакони имрўз хеле зирак ва тақлидкоранд. Тарзи суханронии падару модар, кору амали онҳо аз диққати фарзандон пинҳон намемонад. Чунки сарчашмаи таълиму тарбияи кўдак, пеш аз ҳама, аз оила, аз муносибати зану шавҳар дар оила, аз муносибати падар нисбат ба модари фарзандон мебошад. Оилаҳое, ки дар он тифоқию дўстӣ, шафқату ғамхорӣ ҳукмрон бошад, он оила оилаи хушбахт аст ва фарзандон ҳам шоду хурсанд зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ҳаёти оиладорӣ мураккаб аст. Дар ҳаёти оиладорӣ дар баробари шодиву хурсандӣ, ғаму ташвиш ва рўҳафтодагӣ вуҷуд дорад. Дар оилаи тифоқ, ки иззату эҳтироми якдигарро медонанд ва ё ба маслиҳати ҳамдигар амал мекунанд, бартараф намудани душвориҳо осон мегардад. Маърифат Шокирова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ” чунин ибрози андеша намуд:
“Вақте дар оила нофаҳмиҳо мешавад, сарчашмаи ҳамаи ин боз ҳамон костагии маърифатнокӣ аст. Вақте ки зан ё мард ҷаҳонбинии васеъ надорад, вақте таълиму тарбияи хуб надорад, ӯ наметавонад, ки оилаи худро ҳамчун оилаи бомаърифат муаррифӣ намояд. Дар оила агар миёни зану шавҳар меҳру муҳаббат ва муносибати инсонӣ набошад, фарзандон низ аз меҳру муҳаббат, навозишу тарбия ва аз оғӯши падару модар бебаҳра мемонанд”- мегӯяд Маърифат Шокирова.
Воқеан, сарчашмаи таълиму тарбияи фарзанд аз оила мебошад. Вақте оила бофарҳанг аст, албатта фарзандон низ боақлу тамиз ба камол мерасанд. Волидон бояд бо рафтору гуфтори шоистаи инсонӣ фарзандонро ба ҳаёти мустақили оилавӣ омода бисозанд. Падару модар дар оила ашхоси мўътабаранд. Дар тўли зиндагӣ ва оиладорӣ таҷрибаи бойи тарбияро андўхтаанд ва бояд барои бахту саодати фарзандон бикўшанд. Фарзандон бояд аз муносибати намунаи волидони худ ибрат гирифта, онҳоро маслиҳатгари худ донанд. Албатта, ҳаёти оиладорӣ бе камбудӣ намешавад. Падару модарон бояд кўшиш ба харҷ диҳанд, ки муносибати меҳрубононаи худро дар назди фарзандон афзун намоянд. Дар шоҳидии фарзандон набояд якдигарро таъна карда, камбудиҳояшонро ошкор намоянд. Дар ин вазъият фарзандон дар ҳолати ногувор мемонанд ва таъсири он дар хулқу рафтори кўдакон нақш мебандад.
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”