Барқияи Вазорати нақлиёт ба ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ барои омодагиҳо ба сардиҳои моҳи ноябр

Вазорати нақлиёти ҶТ ба ҳамаи ассосиатсияҳо ва ширкатҳое, ки дар соҳаи нақлиёт кор мекунанд, барқиянома фиристода, хоҳиш намудааст, ки тамоми тадбирҳои омодагиро ба мавсими зимистон дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.Дар ин бора сомонаи Вазорати нақлиёт хабар додааст

Ин барқия дар пайи иттилооти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябр дар кишвар ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ мешавад, ирсол гардидааст. Қаблан ин Агентӣ хабар дода буд, ки ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ 1-2 дараҷа пасттар мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боришоти бештар, дар водиҳо тағйирёбии ҳарорат аз сардиҳои шабона то гармии рӯз дар назар дошта шудааст.

Дар барқиянома аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиётеро, ки таҳти назорати  онҳо қарор доранд, бо симтанобҳои кашолакунанда (тросс), занҷир барои чархҳо, таҷҳизоти зидди лағжиш, яхканак (скребкаҳо), инчунин гузаштан аз муоинаи техникии мавсимӣ, иваз кардани равғани муҳаррик ва дигар равғанҳои  молиданӣ ва филтрҳои равған, моеи хунуккунанда, чархҳои  тобистонӣ ба зимистонӣ таъмин кунанд ва ҳамаи тадбирҳои омодагӣ ба зимистонро дар мӯҳлатҳои муайяншуда  ба анҷом расонанд.