Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон доир гардид. Форум бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии шарикони рушд аз соли 2015 то ин дам баргузор мегардад.
Дар кори Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон намояндагони вазоратҳои адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Федератсияи Россия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар оғози форум Музаффар Ашуриён Вазири адлияи ҶТ суханронӣ карда, иброз намуд, ки Конситутсияи Тоҷикистон тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандро ҳимоя карда, барои ташаккули муносибатҳои сифатан нави иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозоргонӣ ва моликияти хусусӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар идома Зариф Ализода Ёрдамчии Презинди ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баромад кард, қайд намуд, ки Конситутсияи кишвари мо аз ҷониби мутахассисону коршиносони сатҳи байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ҳамчун яке аз панҷ конститутсияи беҳртарини давлатҳои аъзои САҲА эътироф гардидааст.
Ҳамчунин дар форум Абдулҳафил Ашурзода Раиси суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, гуфт, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои кишвари мо бардавому поянда хизмат мекунад.
Бояд гуфт ки дар форум масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва танзими ҳуқуқии он (адлияи рақамӣ ва ҳамгироии байниидоравӣ), волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории форум ин муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”