“Тоҷикистон”: Рамзҳои миллӣ барои инъикоси ҳувият, таърих ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дастовардҳои солҳои соҳибиқтиқлолии кишвар, роҳу усулҳои афзоиши ҳосилнокии зироатҳо, вазъи пахтапарварӣ дар Тоҷикистон, таъсиси тағйирёбии иқлим ба таъмини амнияти ғизоӣ ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 октябр матлабе бо номи “Раҳоварди истиқлол ё бист дастоварди муҳимтарине, ки саҳифаҳои таърихи давлатдории навинро рангин месозанд” чоп кардааст. Муаллиф дар мақолаи бист дастоварди муҳими Тоҷикистонро дар замони соҳибистиқлолӣ ном бурда, шарҳ додааст. Дар аввали матлаб қабули парчам, нишонӣ миллӣ ва баъдан пули миллӣ зикр шудааст, ки солҳои 1992 то 1995 қабул шуданд.

Дар идома гуфта мешавад, ки 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардид.  Муаллиф дар матлаби худ инчунин ба бунёди нақбҳои “Истиқлол” “Шаҳристон”, “Озодӣ”, “Хатлон” ва мавриди истифода қарор додани неругоҳҳои Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 ва хати баландшиддати барқии “Ҷануб – Шимол” ишора мекунад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 29 октябр мақолае бо номи “Кишоварзӣ. Омилҳои фаровонҳосилӣ кадомҳоянд?” чоп карда, масъалаи боло бурдани ҳосилнокии зироатҳо дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Муаллиф дар ин замина таъкид мекунад, ки ояндаи кишоварзиро бе татбиқи ҳамаҷонибаи андешаҳои нави илмӣ, технологияи нави инноватсионии ҷаҳонӣ тасаввур кардан амри маҳол аст.

Аз ин рӯ, ба андешаи муаллиф, масъулони бахши тухмипарварӣ бояд ба ихтирои тухмии баландсифат, ки он хосиятҳои хуби морфологӣ, биологӣ ва хислатҳои беҳтарини навъро дар истеҳсолот нигоҳ дошта тавонад, рӯ оранд.  Ба унвони мисол муаллиф мегӯяд, ки навъҳои наву самарабахши зироатҳо, асосан пахта, танҳо дар шароите натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, ки нишондодҳои тадқиқоти илмӣ дар амал ҷорӣ карда шаванд.

Аз ҷумла, тухмиҳое, ки ба кишт омода мегарданд, мувофиқи тавсияномаи Вазорати кишоварзӣ қобилияту энергияи сабзиши онҳо аз 85 то 95 дарсад бояд бошад,  тозагии навъ 98 то 100 дарсадро ташкил кунад, дар он вақт аз ин гуна тухмиҳо ҳосили баланд рӯёндан имконнопазир аст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 28 октябр дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти озуқаворӣ бо Рустам Латифзода раиси Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон мусоҳиба кардааст.

Ба гуфтаи Рустам Латифзода, Тоҷикистон аз таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об осебпазир мебошад ва босуръат об шудани пиряхҳо яке аз чунин омилҳост. Аз сӯи дигар ба гуфтаи вай, бар асари ин офатҳо ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ, хисороти зиёд ворид мешавад.

Дар идома мусоҳиб зикр мекунад, ки тибқи маълумоти оморӣ, 74 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва бештар аз 60 дарсади аҳолии деҳот ба фаъолияти кишоварзӣ бевосита алоқаманданд. Аз сӯи дигар, ҳамасола зиёда аз 20 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки ин мавқеи муҳим доштани ин соҳаро нишон медиҳад.

Латифзода инчунин таъкид мекунад, ки имрӯз масоҳати заминҳои обии кишвар 754 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд. Аммо тибқи «Консепсияи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ имконияти обёрӣ кардани то 1,6 млн. гектар замин мавҷуд аст.

Вакили Маҷлиси намояндагон дар мусобиҳа аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳар сол заминҳои зиёди кишоварзӣ дар ҳолати номатлуби мелиоративӣ қарор мегиранд.

Ба гуфтаи Латифзода, ин, аз як тараф, ба иллати фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ марбут бошад, аз тарафи дигар, фарсудаю корношоям шудан ва дар аксар ҷойҳо бо иқтидори пурра кор накардани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти таъмини оби полезӣ мебошад.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар медиҳад, ки давоми се соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони рушд ва соҳибкорони ватандӯст дар шаҳри Хоруғ 40 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд гардида, то охири соли 2024-ум 128 иншооти гуногуни дигар мавриди истифода қарор мегиранд.

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки айни замон сохтмони бинои таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барои 900 донишҷӯ бо харҷи наздики 65 млн. 946 сомонӣ идома дорад.

Таъкид мешавад, ки дар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 143 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардид, ки симои маркази вилоятро ба кулли дигар кард.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 30 октябр матлабе бо номи “Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ – рамзи Тоҷикистон: Қадаме ба сӯи ҳувияти миллӣ ва шинохти тоҷикон” нашр кардааст.

Муаллиф дар ин матлаб аҳамияти рамзҳои миллӣ барои инъикоси ҳувият, таърих ва арзишҳои давлату давлатдориро баррасӣ намудааст. Ба гуфтаи муаллиф, рамзҳои миллӣ на танҳо ифтихори миллӣ, балки пайванди амиқ ба гузашта ва ояндаро низ таҷассум менамоянд.

Ба таъкиди муаллиф, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ метавонад барои Тоҷикистон ҳамчун як рамзи пурқувват ва пурмазмун хидмат кунад. Ин рамз бо таҷассум кардани таърихи пуршарафи тоҷикон на танҳо ба афзун кардани шинохти миллӣ мусоидат хоҳад кард, балки шинохти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ низ таҳким мебахшад.

Ба ин васила, Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун як кишваре шинохта хоҳад шуд, ки аз мероси пурифтихор ва шахсиятҳои таърихии худ ба таври дуруст истифода бурда, бо ифтихор ба ояндаи худ менигарад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 31 октябр дар як мақолаи таҳлилӣ вазъи пахтапарварӣ дар Тоҷикистон ва коркарди пахта дар дохили кишварро матраҳ кардааст.

Муаллиф аз қавли Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нав менависад, ки дар дохили Тоҷикистон ҳамагӣ аз 20 то 25 дарсади ҳосили пахта коркард мешавад.

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта Тоҷикистон аз содироти ришта ва маҳсулоти тайёри пахтагӣ  302 миллион доллар даромад гирифт.   Дар идома Шералӣ Кабир мегӯяд, ки айни замон дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар Кӯлоб сохтмони калонтарин кохонаи коркарди пахта давом дорад. Ин корхона зарфияти коркарди 130 ҳазор тонна пахтаро дошта, 42 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол намояд.

Дар доираи ин лоиҳа, ки 360 млн доллар арзиш дорад,  11 ҳазор ҷои корӣ таъсис мешавад. Вазири саноат ва технологияиҳои нав афзудааст, ки тибқи нақша дар Тоҷикистон бояд шаш чунин корхонаҳои бузурги коркарди пахта бунёд шавад.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 31 октябр хабар медиҳад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе 111,3 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 4 млрд 58,7 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нақ­ша 413,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз сӯи дигар таъкид мешавад, ки аз ҳолати 1 октябри соли 2024, бақияи қарзи андозҳо дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, маблағи 74,2 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 33,6 млн сомонӣ зиёд гар­дидааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”