Таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони пойтахт озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ҷараён дорад

Дар шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» оғоз гардид. Озмун таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини назму тартибот ва волоияти қонун, густариши тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳангии насли наврасу ҷавон бори нахуст баргузор карда мешавад. Дар ин хусус шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Таъкид гардид, ки озмун ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт баргузор карда мешавад.

Тибқи муқаррароти Низомномаи озмун, санҷиши саводнокии конститутсионии довталабон ба тариқи шифоҳӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ғолибоне, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, дар арафаи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.