Нахустнамоиши филми ҳунарии «Танҳо ту» баргузор гардид

Шоми дирӯз дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми ҳунарии «Танҳо ту» баргузор гардид. Филми «Танҳо ту» бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов рӯйи навор омада, дар жанри драмаи оилавӣ таҳия гардидааст.

Дар оғози намоиш Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД “Тоҷикфилм” суханронӣ карда иброз намуд, ки қабул гардидани барномаи Рушди кинои ҶТ барои солҳои 2023 – 2027 мусоидат намуд, ки филмофарони ҷавон истеъдоди худро муаррифӣ намуда, филмҳои нав ба нав офаранд.

Бояд гуфт, ки филми «Танҳо ту» масоили иҷтимоӣ ва ишқу покизагиро тараннум намуда, манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро дар пардаи синамо ҷилвагар менамояд. Зебониссои Абдукарим сокини шаҳри Душанбе зимни суҳбат ба мо гуфт, ки филм барояш писанд омадааст ва умедвор аст, ки минбаъд низ филмҳои нав руи навор хоҳанд омад.

Маврид ба зикр аст, ки дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон», ки соли равон бо иштироки доираи васеи синамогарони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба филми «Танҳо ту» ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин дизайн» ва «Беҳтарин наворбардор» дода шуд. Худи коргардони филм Умедшо Мирзоширинов иброз намуд, ки боз филмро идома доданист ва мехоҳад, ки онро ба чор қисм расонад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”