Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи IX Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии (иҷрои ҷазо)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Русия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористӣ ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил иштирок намдуанд.
Ҷаласаи 9-ҳуми Шӯрои роҳбарони ҷазои ҷиноятии кишварҳои ИДМ бо сухани ифтитоҳии Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҳукми ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон оғоз гардид. Зимни ҷаласа таъкид рафт, ки мулоқотҳои мунтазам бо роҳбарони ниҳодҳои ислоҳӣ ба шарофати фаъолияти Шӯро дар солҳои охир боз ҳам густариш меёбад.
Инчунин дар чорабинӣ масъалаҳои мубрами вобаста ба ҳамкорӣ ва рушди хадамоти пенитенсиарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қарор аст, чаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҷазои ҷиноятии кишварҳои ИДМ соли 2025 дар чумхурии Узбекистон баргузор гардад.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”