Имрӯз дар шаҳри Ашқободи Туркманистон таҳти унвон «Шарикӣ ба хотири сулҳу шукуфоӣ ва эътимоди тарафайн» ҷаласаи дуюми раисони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба кор шуруъ намуд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа раисони парлумонҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯзаро имконияти мусоид барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами шарикӣ ва таҳияи амалҳои дастҷамъӣ барои ҳалли онҳо мешуморад.
«Дар шароити афзоиши ноустуворӣ, инчунин афзоиши фишори таҳдидҳои амниятӣ масъалаҳои таҳкими сулҳу субот ва таъмини рушди минбаъда сазовори таваҷҷуҳи махсус мебошанд. Боварӣ дорам, ки идомаи муколамаи мо дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» минбаъд низ ба талошҳои муштарак барои муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ мусоидат менамояд. Мо бояд ин майдонро бо мақсади фароҳам овардани имконияти нав барои рушди ҳамкории минбаъдаи гуногунҷанба истифода барем»,-афзуд ӯ.
Изҳори умед карда шуд, ки қарорҳои дар ин ҷаласа қабулшуда дар роҳи рушди минбаъда ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ байни кишварҳо қадами муҳим хоҳад буд.