Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон қарор дошта, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати мазкур буда, ба рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини ҳаёти шоиста барои аҳолии кишвар боис мегардад, чунин зикр дошт Убайдулло Асрорзода – ректори Донишгоҳи байналмилалӣ сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, зимни сухани ифтитоҳии ҳамоиши “Масъалҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон; омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ”.
Сипас Хуршеда Кодирӣ, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди афзалиятноки соҳаи соҳиборӣ зикр дошт, ки ташкили чунин чорабинихо барои Ҳукумати кишвар дар тақвияти ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ мегардад, зеро бо ҳар ташаббуси соҳибкори ватандӯсти мо рушди муназами алоҳидаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин шуда истодааст.
Инчнуин Сироҷиддин Икромӣ, муовини Бонки миллии кишвар вобаста ба низоми бонкии Тоҷикистон бо соҳибкорон таъкид дошт, ки имрӯзҳо бо пайдо гардидани технологии муосир намудҳои гуногуни хизматрасониҳои бонкӣ пайдо шуда истодаанд, ки маҳз барои беҳтар гардидани раванди соҳибкорӣ ва дастгири намудани ҳифзи соҳибкорон равона гардидаанд.
Дар доираи кори хамоишимазкур дар саҳни Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Намоишгоҳи соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар он маводи таблиғотии имкониятҳои сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баланд гардонида шуд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”