Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон, содда шудани низоми боркашони нақлиётӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, вазъи фаъолияти паркҳои технологӣ дар кишвар, таҷлили Рӯзи Фалак дар кишвар ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 октябр мақолае бо номи “Насли созанда ва неруи пешбаранда” чоп карда, масъалаи сиёсати давлатӣ барои ҷавононро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи муаллиф, дар беҳбуди рӯзгори ҷавонон, махсусан ҷавонони деҳот, таҳия ва қабули барномаҳои давлатии соҳавӣ нақши асосӣ бозиданд. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир буда, барои дастгирӣ ва инкишофи ҳаматарафаи ҷавонон муносибатҳои маҷмуиро дар бар мегирад.
Муаллиф меафзояд, ки дар баробари ин таҳия ва қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими тафаккури миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигар санадҳои мусоидаткунанда боиси он гардиданд, ки имрӯз насли созандаву ҷавонони ватандӯст ба майдони сиёсат ворид шаванд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 октябр мақолае таҳти унвони “Истиқлолият ва рушди бесобиқаи Бадахшон” нашр карда, менависад, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешравиҳои зиёде рӯйи кор омаданд.
Муаллиф дар ин замина ба бунёди неругоҳи обии “Помир-1”, бунёди роҳи байналмилалӣ ба масофаи 92 километр аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ ва сохтмони неругоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи зиёда аз 700 млн сомонӣ ишора мекунад.
Дар баробари ин таъкид мешавад, ки дар маҷмуъ, дар вилоят танҳо дар самти роҳсозӣ айни ҳол амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад. Айни ҳол кор дар сохтмони қитъаи роҳи Бердибекобод – Колхозободи ноҳияи Шуғнон, босуръат идома дорад. Мувофиқи лоиҳа, дар ин роҳ сохтмони 1 пул, долони зиддитармавӣ бо дарозии 550 метр ва 4 км роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 7 октябр матлабе бо номи “Сафи ихтиёриён рӯз ба рӯз меафзояд” чоп карда, менависад, ки дар аввалин рӯзҳои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш, 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаро иҷро карданд.
Муаллиф ёдовар мешавад, ки дар аввалин рӯзи оғози даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи 1 октябр Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки дар «Рӯзи даъватшаванда» 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 9 октябр бо нашри матлабе масъалаи бунёди метро дар шаҳри Душанберо матраҳ кардааст. Муаллиф ёдовар мешавад, ки ахиран Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон дар як ҷаласа гуфт, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони метрои зеризаминӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ҳоле ки қаблан лоиҳаи сохтмони метрои рӯизаминӣ дар пойтахт матраҳ буд. Аз ҷумла эълон шуда буд, ки дар Душанбе сохтмони метрои рӯизаминӣ аз Дарвозаи ҷанубӣ то бинои Сирки давлатӣ ба масофаи беш аз 10 км ба нақша гирифта шудааст.
Аз сӯи дигар, як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба нашрия гуфтааст, ки ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди рӯйизаминӣ ё зеризаминӣ шудани метрои Душанбе гирифта нашудааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ хабар дод, ки баъди 7 соли таваққуф нахустин парвоз дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе рӯзи 3 октябр анҷом шуд. Паврозро дар ин самт Ширкати миллии ҳамвопаймоии “Тоҷикэйр” роҳандозӣ карда, дар ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе ҳавопаймои АН-28 дар ин хатсайр парвоз хоҳад кард.
Нашрия ёдовар мешавад, ки соли ҷорӣ аз анҷоми нахустин парвози ҳавопаймо ба Хоруғ 95 соли сипарӣ мешавад. Парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе -Хоғуғ бошад соли 1932 оғоз шуд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 10 октябр бо нашри матлабе масъалаи вазъи фаъолияти паркҳои технологӣ дар кишварро матраҳ кардааст.
Муаллиф ёдовар мешавад, ки Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон аллакай ду IT-парк фаъолият мекунанд. Яке дар ВМКБ дар Хоруғ ва дуввуми дар Душанбе, ки дар бинои маркази тиҷоратии «Созидание» ҷойгир аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳудуди «Созидание» соли сеюм аст, ки Ай-Тӣ парк фаъолият дошта, он ба «Бунёди рушди навоварӣ ва саноат» тааллуқ дорад. Дар ин парки технологӣ айни замон 12 ширкат фаъолият дорад.
Ҳамзамон коршиносон ба нашрия гуфтаанд, ки ҷиҳати рушди фаъолияти Ай-Тӣ паркҳо дар Тоҷикистон зарур аст, ки бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ барои ин навъи фаъолият имтиёзҳои андозӣ муқаррар шавад.
Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 9 октябр мақолае бо номи “Фалак – таҷассумгари руҳи озод ва ормонҳои миллати тоҷик” нашр карда, менависад, ки мусиқии Фалак аз қарни асрҳо то замони мо раисда, дурри бебаҳои фарҳанги мардуми тоҷик аст.
Муаллиф дар идома менависад, ки тибқи таҳқиқоти бархе мусиқишиносон пайдоиши Фалак ба қарнҳои 9-10 рост омада, тули асрҳо шакл гирифта дар он таъриху фарҳанг ва ормонҳои миллии тоҷикон таҷассум ёфтааст. Бо назардошти ин аз соли 2007 ба ин сӯ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябр ба унвони Рӯзи Фалак дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар баробари ин, рӯзи 15 декабри 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, мусиқии «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид шуд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”