Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо сарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои дӯст, ки барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии парламентӣ баргузор мегардад.
Конфронс бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти парламентҳои беш аз 11 давлати ҷаҳон доир мешавад.
Тибқи барнома, кори конфронс дар 4 бахш дар толорҳои гуногуни бинои нави Парлумони Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар бахшҳо мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», Конститутсия-заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» баррасӣ карда мешаванд.