10 октябри соли 2024, мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Амриё Бобозода дар мубоҳисаҳои умумии Кумитаи якуми (масъалаҳои халъи силоҳ ва амнияти байналмилалӣ) иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок ва суханронӣ кардааст.
Тавре Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ССМ хабар медиҳад, Амриё Бобозода аз ҷумла изҳор доштааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ва дигар шарикони байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳу суботи байналмилалӣ ва муқовимат ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ пайваста иқдомоти муштарак анҷом медиҳад.
Инчунин, зимни суханронӣ мавқеи кишвар вобаста ба таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ, маҷмуъи масоили халъи силоҳ ва саҳму талошҳои Тоҷикистон дар ин самт қайд гардидааст.