1-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гавҳар Шарофзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, забоншинос, доктори илмҳои филология, профессор Сайфиддин Назарзода, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори раёсати тандурустӣ, муовинон оид ба кори табобатӣ, муовинон оид ба кори ҳамширагӣ ва ғолибони озмун иштирок намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Баъдан, Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баромад намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди кишвари мо зери роҳбарии созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдату якпорчагӣ, амну осоиштагӣ Рӯзи забони давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта истодаанд.
Қайд гардид, ки вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон ин аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем. Яъне, эҳтироми мо ба забони давлатӣ бояд сидқан ва содиқона бошад.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамзамон меҳмонон низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, инчунин доир ба моҳият, таърихи ташаккулёбӣ ва қадру манзалати забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
М. Пардаев