Вобаста ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии Неругоҳи барқи обии “Чарсем” (ноҳияи Шуғнон, ВМКБ) миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати мушовирии “Gruner Stucky” (Швейтсария) 27-уми сентябри соли 2024 шартнома ба имзо расонда шудааст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд.
НБО “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи то ҳоло ҷудобудаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад.