26 сентябри соли 2024 дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кардааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷории СААД ва омодагӣ ба иҷлоси Шӯрои амнияти дастаҷамъиро, ки даҳаи сеюми моҳи ноябри соли 2024 дар Остона дар назар аст, муҳокима карданд.
Дар рафти ҷаласа табодули афкор атрофи Барномаи мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки баимзорасонии он дар рафти саммити дарпешистода дар назар аст, сурат гирифтааст.