Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ширкат ва суханронии Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк, баҳси сифати маҳсулоти воридотӣ ба кишвар, раванди роҳандозии “ҳукумати электронӣ” дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯҳои ҷолиб матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзҳои 24 ва 25 сентябр хабар ва гузоришҳои муфассал аз натиҷаҳои сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорк, ширкат ва суханронӣ дар иҷлосияи 79-уми Маҷмааи умумии СММ, дидору мулоқотҳо бо раҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ чоп кардааст.
Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиш барои оянда дар СММ гуфтанд, ки роҳбарони давлатҳои ҷаҳонро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идома таъкид доштанд, вақти он расидааст, ки иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор гирифта шавад.
Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи 25 сентябр мақолае бо номи “Аз сифат то бесифатӣ. Назаре ба бозори истеъмолӣ” чоп кардааст. Муаллиф дар ин матлаб аз афзоиши воридоти маҳсулоти пастсифат ба кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар идома бо такя ба маълумоти Агентии “Тоҷикстандарт” зикр мешавад, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 728 тонна маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор карда шуд, ки аз он 696,2 тонна аз рӯйи сифату бехатарӣ ва 31.7 тонна аз рӯйи тамғагузорӣ мебошад.
Ба хулосаи муаллиф, сифати маводи ғизоӣ на танҳо як масъалаи иқтисодӣ, балки омили муҳими саломатӣ ва некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷуҳи махсуси ҳам истеҳсолкунандагон, ҳам истеъмолкунандагон ва мақомоти давлатиро тақозо мекунад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 сентябр табрикоти Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чоп кардааст.
Дар ин паём муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид мекунанд, ки Маҷлиси Олӣ дар радифи иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, танзими пояи ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад.
Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, парламенти Тоҷикистон дар баробари истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ роҳи таърихии ҳуқуқэҷодкуниро дар пайвастагӣ бо манфатҳои миллӣ таҳия намуда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар таҳияи низоми ҳуқуқии кишвар, тавсеаи демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклгирии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷик нақши муҳим мебозад.
Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар, ки 26 сентябри соли 1999 ба вуқӯъ пайваст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис шуд, ки он шурӯъ аз соли 2000 то имрӯз фаъолияти самараноку муназзам дорад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 26 сентябр бо нашри матлабе раванди амалисозии “ҳукумати электронӣ” дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф бо таассуф менависад, ки дар самти амалисозии “ҳукумати электронӣ” Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳои ҳамсоя ақиб мондааст. Бахусус зикр мешавад, ки Қазоқистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин самт хеле пешсаф буда, фаъолона пойгоҳи хизматрасониҳои онлайнии давлатиро рушд медиҳад.
Дар идома муаллиф таъкид мекунад, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар роҳи рушди “ҳукумати электронӣ” дар Тоҷикистон, ин нархи гарон ва ҳамзамон суръати пасти интернет дар кишвар дониста мешавад. Зикр мешавад, ки дар бахши дастрасӣ ба интернети мобилӣ низ Тоҷикистон аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ақиб мондааст.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 26 сентябр масъалаи андозбандии хизматрасониҳои фосилавии ширкатҳои хориҷиро матраҳ кардааст.
Нашрия менависад, ки айни замон дар Тоҷикистон 31 шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки ба хизматрасониҳои фосилавӣ машғул мебошанд, расман ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттиллои манбаъ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ин ширкатҳо ба шахсони воқеии Тоҷикистон ба маблағи 33,8 млн сомонӣ хизматрасониҳои фосилавӣ расонида шуд, ки аз он ба маблағи 4 млн 726 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷет пардохт карда шуд.
Нисбати соли 2023 маблағи хизматрасониҳои фосилавии ин ширкатҳо дар Тоҷикистон 15,4 млн сомонӣ ва маблағи андозҳои пардохтшуда 1 млн 835 ҳазор сомонӣ бештар аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз 31 шикртаи хориҷӣ танҳо 21 ширкат ба мақомоти андоз эъломия пешниҳод кардаанд.
Дар баробари ин, дар ин давра 11 адад ширкати хориҷие, ки бе қайди мақомоти андоз дар Тоҷикистон ба хизматрасонии фосилавӣ машғул мебошанд, бо ирсоли нома огоҳонида шуданд, ки фаъолияти худро қонунӣ кунанд.
Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 25 сентябр хабар медиҳад, ки ахиран китоби муҳаққиқи ҷавон Фирӯз Азизов бо номи “Ток-шоу ҳамчун жанри телевизионӣ” ба нашр расид.
Дар ин китоб бори аввал аз ҷониби муаллиф таърихи рушд ва хусусиятҳои жанри ток-шоу ба таври васеъ таҳқиқ шудааст.
Инчунин бори аввал дар ин таҳқиқот хусусиятҳои фарқкунандаи ток-шоу дар телевизионҳои ватанӣ ва Русия таҳлилӣ илмӣ мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”