Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар расонидааст, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 сентябри соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ ба сокинон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои амниятиро риоя кунанд.
КҲФ ба сокинон тавсия додааст, ки барои пешгирӣ аз вуруди оби сел ба хонаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву сангу рег тоза кунанд.
Ҳамчунин КҲФ рафтани ба шикоргоҳҳо, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум ва моҳидориро маслиҳат надонистааст.
КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони шуғли кӯҳгардӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.