19 сентябри соли 2024 бо ташаббуси намояндагиҳои дипломатии кишварҳои форсизабон, бо шумули Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамкорӣ бо маҷаллаи дипломатии “Society Magazine” чорабинии фарҳангии кишварҳои форсизабон таҳти унвони “Осори эҳёгар: Таҷлили мероси фарҳангии кишварҳои форсизабон” бо иштироки намояндагони ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Австрия, ҳайати дипломатӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Вена баргузор гардидааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар оғози ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Каландар меҳмононро ба чорабинии мазкур хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон ва ёдгориҳое, ки ба рӯйхатҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд, суханронӣ намуд.
Дар намоишгоҳи миллӣ 4 ёдгоре, ки ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО ва 3 ёдгоре, ки ба Рӯйхати мероси ғайримоддии ин созмон аз ҷониби Тоҷикистон ворид шудаанд, ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд.
Инчунин дастархони идона бо хурокҳои лазизи тоҷикӣ ороста шуда, мутрибони кишвар бо суруду рақси миллӣ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Мавриди зикр аст, чорабинии мавриди назар соли сеюм аст, ки бо ибтикори кишварҳои форсизабон дар Вена баргузор мегардад.