Ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, 14 нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдон дохил шуданд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» дохил гардид.
Ҳарифони дастаи яккачини мо дастаҳои мунтахаби Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд. Ду бозии аввали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва вохӯрии сеюм дар Бухоро доир мешаванд.