Имрӯз бо ибтикори Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.
Тавре хамкорам Машраби Холмаҳмад аз ҷараёни Конфронс ба мо иттилоъ дод, дар Конфронс намояндагони доимӣ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, профессорон ва ходимони илмӣ ва донишҷўёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней Доруссалом, Ҷибути, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Қувайт, Алҷазоир иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон олимону донишмандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конфронс иштирок карданд.
Конфронси мазкурро муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Ф. Х. бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар бораи нақши зиёиёни точик, эҷодиёти оламшумули мутафаккирони барҷастан точик, дар ҷаҳони ислом ва хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи расмӣ гирифтан ва инкишофи мавқеи кишвар ба ҳозирин маълумот дод. Иттилоъ дода шуд, конфронси мазкур имрӯз оғоз гардида ва фардо идома меёбад . Дар даврми ду рӯз олимону мутафаккирони хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногун аз ҷумла: “Туҳфат-ал-муъминин”-и Муҳаммад Муъмин Дайламӣ оид ба илми фармасевтика”, “Тоҷикистон ва ҷаҳони ислом”, “Абдурраҳмони Ҷомӣ ва нақши ӯ дар рушди улуми исломӣ ва арабшиносӣ”, “Олимони вилояти Хатлон дар Тоуикистон”, “Садриддин Айнй нависандаи ҷаҳонии тоҷик” ва дигар мавзуъҳои марбут ба науши мутафаккирони тоҷик дар рушди илму дониш дар ҷаҳони ислом накл карда, аз бозёфтҳои эшон суханронӣ хоханд кард.