Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пас аз ифтитоҳи Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” дар ҳамин ҷо бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Туҳфаҳои Пешвои миллат аз сару либос, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ иборат аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар вилояти Суғд 321 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст, ки 173 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ятимонро ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирӣ ва соҳибкасб гардонидани кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир бепарастор мондаанд, тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд то онҳо роҳи зиндагии худро пайдо намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва ободии диёр саҳмгузор бошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забономӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуданд.

Кӯдакону наврасон барои ғамхориҳои падарона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён намуда, қавл доданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд ва оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро мегузоранд.

Дар ҷойи мулоқот барои болидахотирии ятимон ҳамчунин дастурхони идона ороста шуда, барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Дар воқеъ ятимону бепарасторон таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ба муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия ва роҳнамоии онҳо ба ҳаёти мустақил пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.