Соли 1957, деҳаи Бустон. Тирамоҳи заррин ҳукмфармоӣ дошту субҳи солеҳон медамид. Хабари духтардор шудани Ҳабиби деҳқон дар як он ба гӯши ҳамсояҳо расиду думболи ҳам ба табрикаш омаданд. Падари ҷавон ба чеҳраи фариштасони духтараш менигаристу шукрона мекард. Бо каломи шукрона Руқия номаш ниҳод. Ниҳоли қомати Руқия аз чашмаи меҳру муҳаббат об хӯрда, дар боғи умеду орзӯҳои сабзи волидон бузург мешуд. Чун соя думболи падар мегашту нозукиҳои касби деҳқониро аз худ мекард. Шогирди фаъоли мактаби таҷрибаи қиблагоҳ буд. Барои сайругашт бо дугонаҳояш фурсат намеёфт. Агар каме вақт пайдо мешуд, онро ҳам барои тайёр намудани дарс ва аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ сарф мекард.
Айёми хайрухӯш бо мактаб ҳам фаро расиду бархе аз ҳамсинфони Руқия ба хотири маълумоти олӣ гирифтан ҷониби шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифтанд. Руқия бошад корзори нопайдоканори меҳнатро интихоб намуд. Лаби кати зери маҷнунбед амонат нишаст. Кокулони майдабофашро боди саҳро алвонҷ медод. Ба саҳрои нопайдоканор назари такрорӣ дӯхт. Эҳсос намуд, ки замини солҳо бекорхобида интизори муҳаббати самимиву дастони қавии деҳқон аст…
Соли 2004. Ин соле буд, ки орзӯи деринтизори Руқия ҷомаи амал пӯшид. Дар як гӯшаи дунёи меҳнат хоҷагии деҳқоние бо номи “Руқия” ба фаъолият оғоз намуд. Руқия, ки алифбои деҳқониро аз овони наврасӣ дар мактаби таҷрибаи қиблагоҳаш бо шавқу завқ ва муҳаббати беандоза омӯхта буд, тавонист, ки хоҷагиашро пешсаф гардонад…
Ноҳияи Ёвон, деҳаи “Бустон”. Пиразанҳои нуронияш ҳар куҷое, ки раванд аз меҳнатдӯстиву иродаи матин доштани Руқия қисса карда бо ифтихор мегуянд: – Қандаша занад духтари Ҳабиб, нақшаи имсолаашро ҳам буд кард. Руқия хуб медонад, ки дарахт бо об сабз мешаваду инсон бо дуои нек камол меёбад. Ин аст, ки дуои пирони рӯзгордидаву деҳқонони асилро ҳамеша тӯшаи роҳ мегирад. Бо маслиҳати онҳо дар як гӯшаи замини хоҷагиаш боғи дилкушоеро бунёд намуд. Кунун он боғи бо ҳавасҳои сабз бунёд кардааш бузургу боровар гаштаасту аз қафаси дар шохи дарахт овезонбуда хониши кабки хушилҳон форам ба гӯш мерасад.
Руқия Раҳимова, барои ин бонуи саҳрои меҳнат хишир-хишири баргҳову хониши кабки беқарор, шилдироси ҷӯйбору садои трактор ба ҳангоми кишту кор симфонияи муҳаббатро мемонад. Муҳаббат ба обу хоки сарзамини аҷдодӣ. Бо ҳамин муҳаббату эҳтиром мақсад гузошт, ки гранти президентӣ гираду корхонаи хӯрди коркарди меваю сабзавотро ташкил намояд. Вале афсӯс, ки дасташ то ба гиребони орзу нарасид…
Дунёи меҳнат. 50-сол мешавад, ки донаҳои пошидаи Руқия Раҳимова аз хок қад мекашанду қадри ин бонуи дӯстдори замини пурсахоро баланд мегардонанд. Руқия ҳам сари ҳар қадам ин мисраҳоро бо каломи шукронаву ифтихор замзама мекунад.
Маро шӯридаанд аз лойи деҳқон,
Ба ҷое мерасам аз ҷойи деҳқон.
Бале, Руқияро муҳаббату эҳтироми беандозааш ба замин ва меҳнати софдилонааш соҳибэҳтирому соҳибмақом намудааст. Агарчи соҳиби унвон нест, вале номи неку нони ҳалол дорад. Саҳро барояш хонаи дуюм аст. Ба хоҷагии сабзу зебояш менигараду чеҳраи нуронии волидони раҳматиашро мебинад. Шод аз он аст, ки касби падарро беҳ аз мероси падар донист ва ба қуллаи мурод расид. Аз баландиҳои деҳаи Бӯстон ба замини домонгустурда бо меҳр менигараду мисраҳои устоди зиндаёд Лоиқро ба хотир меорад.
Замин як ҷуръа оби охирин аст,
Ки бар қадраш расӣ дар ташнагиҳо.
Замин як охирин нон аст, мардум,
Ки бар қадраш расӣ дар гушнагиҳо.
Холбегим Давлавтова,
радиои “Тоҷикистон”