Беш аз 44 ҳазор сайёҳ бо мавзеъҳои зебои ноҳияи Муъминобод шинос гардид

Дар 6 моҳи соли 2024 бо мавзеъҳои ноҳияи Муъминобод 44 ҳазору 98 сайёҳ шинос шуд, ки аз ин шумора 43 ҳазору 629 нафар сайёҳи дохилӣ ва 469 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошанд. Дар ин давра сайёҳони дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои нодири ноҳия, махсусан мавзеи Чилдухтарон шинос шуданд.

Тавре Раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, шумораи сайёҳон дар ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардидааст. Барои боз ҳам тараққӣ додани соҳа аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ҳоло дар ноҳияи Муъминобод 4 харитаи сайёҳӣ, 14 мавзеи сайёҳӣ, 4 лавҳаи иттилоърасонӣ, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 3 тарабхона, 12 маркази хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 5 меҳмонхона ва 2 ширкати сайёҳӣ дар хизмати сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор доранд.

Дар ҳудуди ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ мавзеъҳои сайёҳии таъсисёфта зиёдтар шудаанд.