4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин”-ро дар шаҳри Бохтар пас аз навсозӣ ва рақамикунонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон соли 2011 таъсис ёфта, ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2026-2030 ҳамчун “Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо маблағи 7 миллион сомонӣ пурра таъмиру навсозӣ гардидааст.
Дар ин маркази бузурги илму фарҳанг зиёда аз 400 ҳазор адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ инчунин дигар асноди иттилоотӣ нигоҳдорӣ мешавад, ки аз ин нишондиҳанда 100 ҳазор нусхаро адабиёти бачагона ташкил медиҳад.
Толору шуъбаҳои китобхона бо технологияи муосир, аз ҷумла 100 компютер ва планшетҳои ба шабакаи интернет пайваст муҷаҳҳаз гардонида шуда, махзани рақамии китобхона 2 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки китобхона пас аз таъмиру навсозӣ ба маркази муосири инноватсионӣ табдил ёфтааст.
Дар он бо истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ ҷустуҷӯи маълумот, тавсияи адабиёт мувофиқи завқу хоҳиши хонанда, таҳлили мундариҷа ва дигар хизматрасонии самаранок тариқи барномаи электронии миллии Китобдор, ки дар ҳаминҷон таҳия шудааст, ба таври фаврӣ анҷом дода мешавад.
Ин лоиҳаи навоварона бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ки минбаъд метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои рушди китобхонаҳои муосир дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар истифода шавад.
Дар ин боргоҳи илму маърифат Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 5 ҳазор нусха маводи мултимедиавӣ таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии он фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони китобхона навсозӣ ва рақамикунонии ин даргоҳи илму донишро шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ медонад, зеро китоб ганҷинаи тамаддуни инсоният аст.
Дар ин даргоҳи илмомӯзӣ 35 корманд фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба китобхонӣ ва баланд бардоштани дониш, хирад ва маърифат равона намудаанд.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён ва Ҷалолиддини Балхӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон бо 65 ҷойи корӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо ҳайати шахсии иборат аз 1400 нафар, меҳмонхонаи Аниса дар маҳаллаи Турсунзода бо 50 кати хоб ва 20 ҷойи корӣ аз ҷумлаи онҳоанд.
Ҳамчунин, бинои маъмурӣ ва таълимӣ-таҷрибавии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74 барои 500 хонанда дар ду баст дар деҳаи Шӯразамини деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо шароити хуби таълиму тарбия ва технологияву синфхонаҳои фаннӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи асфалту бетонро бо иқтидори 2500 тонна дар як рӯз ва бо 20 ҷойи корӣ дар шаҳраки Бохтариён ва корхонаи истеҳсоли хокаи махсус барои асфалтро бо иқтидори 240 тонна дар як рӯз ва бо 15 ҷойи корӣ дар ноҳияи Кушониён ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои созандаи соҳибкоронро амали ватандӯстонаю намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд зоҳир карда шавад ва дар оянда доираи фаъолияти корхонаҳо васеъ ва ҷойҳои корӣ афзун гардад.
