Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар яки мо муқаддас буда, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ дар миқёси вилоят бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад.
Ба хотири таҷлили арзандаи ин ҷашни муҳими миллӣ дар толори Театри вилоятӣ бо иштироки сокинони вилоят чорабинии идона баргузор гардид.
Тантанаи идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Нахуст, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки 35 соли соҳибистиқлолии кишвар барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо буда, дар ин давра ободию озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, садоқату муҳаббат ва ифтихори давлатдорӣ таҳким ёфт. Тоҷикистон маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ роҳбарияти вилоят иброз дошт, ки миллати созандаву ободкори тоҷик дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар қадамҳои устувор гузоштааст.
Барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ин муддат на танҳо маркази вилоят — шаҳри Хоруғ, балки ноҳияҳои он низ ба таври куллӣ тағйир ёфта, раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонӣ тамоми гӯшаҳои Бадахшонро фаро гирифт.
Дар тантанаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор кормандони соҳаҳои гуногун, собиқадорон ва соҳибкороне, ки дар пешрафту шукуфоии ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, бо медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми тантанаи ҷашнӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки ба фазои идонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар шукӯҳи хос зам намуд.
