5 СЕНТЯБР ДАР ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ — «AI ALLEY» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

5 сентябр дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Фестивали кушоди шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» ё «Хиёбони зеҳни сунъӣ» баргузор мегардад.

Дар ин бора Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, баргузории фестивал ба муносибати эълон гардидани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, роҳандозӣ мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати рақамӣ, ҷалби ҷавонон ба технологияҳои муосир ва фароҳам овардани майдони муносиб барои муаррифии роҳҳалҳои инноватсионӣ мебошад.

Дар чорабинӣ ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таҳиягарон иштирок намуда, таҷриба ва маҳсулоти худро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ муаррифӣ мекунанд.

Барномаи «AI ALLEY» намоиши технологияҳо, дарсҳои маҳорат, маърузаҳои кӯтоҳ, машғулиятҳои амалӣ, озмунҳо ва барномаҳои интерактивиро дар бар мегирад.

Фестивал рӯзи 5 сентябр аз соати 17:00 то 22:00 идома ёфта, сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд бо имкониятҳои навтарини зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ шинос шаванд.