Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни миллӣ-ватандӯстиро ба муомилот баровард.
Тавре ин ниҳод 2 сентябр хабар дод, дар рӯйи аввали тангаҳо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар зери он арзиши номиналии танга ҷойгир шудааст. Дар ҳошияи танга навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сабт шуда, дар қисми поёнии доираи берунӣ иёри филиз, навъи металл ва вазни танга нишон дода шудааст.
Дар рӯйи дигари танга рамзи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷой гирифтааст. Дар маркази он Маҷмааи «Истиқлол» тасвир шуда, дар атрофаш манзараҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯҳҳо, пиряхҳо ва захираҳои обӣ, инчунин унсурҳои муҳими инфрасохторӣ — роҳ, нақб ва неругоҳ инъикос ёфтаанд.
Дар қисми рости рамзи «Истиқлол» рақами 35 бо истифода аз рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ишора мекунад.
