2 сентябр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро муайян мекунад. Тибқи он, Конфронси мазкур аз 4 то 6 майи соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими ин қатънома муайян шудани «Чаҳорчӯбаи оби Душанбе» ҳамчун санади ниҳоии конфронс мебошад. Ҳуҷҷат бояд заминаи идомаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обро пас аз анҷоми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, фароҳам созад.
Қабули қатънома ва қарорҳои марбут ба «Чаҳорчӯбаи оби Душанбе» аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистонро дар рӯзномаи ҷаҳонии об боз ҳам тақвият дода, барои Душанбе ҳамчун мизбони яке аз муҳимтарин ҳамоишҳои байналмилалии соҳаи об заминаи нав фароҳам меорад.
