Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи назариявию амалӣ таҳти унвони «Истиқлол ва нерӯи зеҳнии миллат: саҳми барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид.
Дар конференсия нақши илм, нерӯи зеҳнӣ ва дастовардҳои олимону муҳаққиқони кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кори конференсия аз ду қисмат иборат буд. Дар қисми аввал масъалаҳои марбут ба дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар рушди илм ва соҳаҳои гуногуни кишвар, нақши олимони ҷавон, рушди илмҳои техникӣ ва технологӣ, зеҳни сунъӣ, пешрафти илм ва аҳамияти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рушди илми ватанӣ баррасӣ шуданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардида, рӯзномаи ҷаласа тасдиқ ва раиси Шӯро интихоб шуд.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоиши дастовардҳои барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, инчунин китобу маҷаллаҳои илмӣ ташкил гардид.
Дар фарҷоми конференсия ба маърӯзачиён ва барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ медалҳои соҳавӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо супорида шуданд.
