Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ҷаласа 15 нафар аъзои ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок карда, масъалаҳои омодагӣ барои гузаронидани даври сеюми озмун, интихоби аъзои ҳакамон, интихоби маконҳои баргузории озмун дар минтақаҳо ва интихоби комиссияи аппелятсионии озмунро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғози ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зиёд гардида истодааст, ки ин аз оммавӣ гардидани китобхонӣ миёни аҳолии кишвар, ба хусус хонандагони синфҳои ибтидоӣ, наврасону донишҷӯён дарак медиҳад.
Дар идомаи ҷаласа Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода баромад карда иброз намуд, ки мувофиқи тағйиру иловаҳои ба низомномаи озмун воридгардида имсол наминатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва омори шифоҳии озмун ба се гурӯҳ ҷудо карда шуд, он имкониятҳои ғолиб шудани иштирокчиёни ин наминатсияро зиёд намуд. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки имсол шумораи шоҳҷоизаи озмун аз як адад ба 4 адад расонида шуд. Дар натиҷа шумораи ҷойҳои 1, 2 ва 3-и озмун ба 126 ва дар якҷоягӣ бо шоҳҷоизаҳо ба 130 адад расонида шуд. Инчунин шумораи омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун ғолиб мегарданд, ба 70 нафар расид, – гуфт Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода.
Ҳамчунин дар ҷаласа гуфта шуд, ки имсол дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ 251 ҳазору 266 нафар иштирок карда, аз ин шумора 49 ҳазору 267 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 3 ҳазору 716 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Қайд гардид, ки имсол барои ғолибони озмун 4 570 000 сомонӣ ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рӯзҳои 15-22 август дар шаҳри Душанбе, 20-26 август дар ВМКБ, 17-18 август дар шаҳри Кулоб, 19-26 август дар шаҳри Бохтар, 15-21 август дар минтақаи Рашт ва 21-25 август дар шаҳри Ҳисор доир мегардад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”