Дар 6 моҳи аввали соли 2024 қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 183.9 млн сомонӣ ошкор шудааст

Дар 6 моҳи аввали соли 2024 аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 183.9 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,1 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ, раиси Палата Қарахон Чилазода иттиллоъ дод.

Аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 26.5 млн сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1.6 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмони 12.0 млн сомонӣ, фурӯш ва иҷрои амволи давлатӣ 1.6 млн сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 40.4 млн сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 81,6 млн сомонӣ, пардохти ҳатмӣ ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 15.4 млн сомонӣ ва пардохт накардани судӣ, саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 4.8 сомониро ташкил медиҳад.

Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”