Қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар ним сол ба андозаи 2,7 фоиз устувор гардидааст

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома додааст. Ин нуктаро имрӯз масъулини бонки мазкур зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон баён намудаанд.

Ба таъкиди манбаъ қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 2,7 фоиз устувор гардидааст. дар ҳамин давраи соли 2023 ин нишондиҳанда 7,0 фоиз коҳиш ёфта буд. Бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лираи Туркия 11,7 фоиз, тангаи Қазоқистон 3,7 фоиз, суми Ӯзбекистон 1,8 фоиз ва юани Чин 0,6 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

 Ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 30 июни соли 2024 дар маҷмуъ 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 899 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 адад зиёд мебошад.

Нуралӣ Каримов,

радиои “Тоҷикистон”