Баргузории семинари омӯзишӣ ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Имрӯз, 1-уми август дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид. Дар чорабинӣ корманди Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо Манижа Саидикромзода вобаста ба ҳолати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сухан гуфтанд. 

Иброз карда шуд, ки мақсадҳои муқовимат бо тероризму экстремизм дар ҶТ, ҳифзи асосии сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботҳои ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва терористӣ мебошад.

Ҳамзамон дар чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба татбиқи амалии «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавзую масъалаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Инчунин, иштирокчиён назару андешаҳои худро ҷиҳати мубориза бо тероризму экстремизм баён намуданд.