Дар соҳаи саноати хӯрокворӣ айни замон 839 корхона фаъолият дошта, 62-тои он дар моҳҳои январ-июни соли равон таъсис ёфтаанд ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар 21,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар нимсолаи якуми соли 2024-ум ба 4 миллиарду 786,4 миллион сомонӣ расонида шудааст. Зиёдшавии истеҳсолот асосан аз ҳисоби ҳаҷми истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ.-116%, маҳсулоти макаронӣ – 126% , гӯшти паранда – 108%, меваи хушк – 154%, маҳсулоти қаннодӣ – 136% маҳсулоти шири холис – 111,8% ба вуҷуд омадааст.
Содироти маҳсулоти хӯрокворӣ низ нисбат ба соли 2023 133,8 фоиз афзуда, ба 27,4 миллион доллари ИМА расид, ки асосан меваи хушк, нӯшокиҳои ташнашикан, консерваи меваву сабзавот, намак, орди гандумӣ, маҳслуоти қаннодӣ ва желатин содирот шудаанд.
Боиси хурсандист, ки дар нимсолаи якуми соли равон воридоти равғани растанӣ ба кишвар 7% коҳиш ёфт ва ин аз афзоиши истеҳсоли ватанӣ дарак медиҳад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 72 корхона дар ин самт фаъолият дорад. Аммо бо вуҷуди истеҳсоли пахта норасоии ашёи хом дар корхонаҳои равғанбарорӣ эҳсос карда мешавад, – гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти хабарӣ.
«Барои истеҳсоли 100 ҳазор тонна равған 833 ҳазор тонна зироатҳои равғандиҳанда зарур аст, аммо дар Тоҷикистон 192 ҳазор тонна истеҳсол мешавад. Барои воридоти зироати равғандиҳанда бо Федератсияи Россия ва Қазоқистон гуфтушунидҳо идома доранд ва бояд натиҷаҳои хуберо ба бор биёранд» – идома дод зимни суханронӣ Шералӣ Кабир.
Хотиррасон мекунем, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар умум 22,6 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – 11,5 фоиз зиёд мебошад.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”