Никоҳи хешутаборӣ яке аз омилҳои вайрон шудани оилаҳо

Оила муқаддастарин рамзи ҳастии инсон буда, тавассути он мақоми ҳар шахс  дар зиндагӣ  муайян мегардад.  Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз  теъдоди вайрон шудан ва аз байн рафтани оилаҳо, махсусан, оилаҳои ҷавон  ба маротиб меафзояд,  ки омилҳои он зиёданд.  Яке аз сабабҳои  вайрон шудани оилаҳо никоҳи хешу табории наздик мебошад. Солҳои охир  никоҳи хешутабории наздик дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, ки ба афзоиши кӯдакони ноқис ва бемор сабаб мегардад.

Дар саросари кишвар талоши волидайн ин аст, ки фарзандонашон бо хешу табори наздик оиладор шаванд. Кӯдакони маъюбе, ки ба дунё меоянд, аз хонаводаҳое мебошанд, ки робитаи хешутабории наздик доранд. Дар ин маврид Сабоҳат Рустамзода, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ  никоҳи хешутабориро яке аз омилҳои ҷудошавии оилаҳо медонад: «Натиҷаи никоҳи хешутабории наздик аст, ки имрӯзҳо сабаби ҷудо шудани оилаҳо мегардад. Вобаста ба ин масъала муроҷиатҳо ба Кумитаи занон зиёданд. Ба назар мерасад, ки оилаҳо риштаи хешутаборӣ доранд ва  дар натиҷаи тавлиди фарзанди маъюб оилаи ҷавон пош мехӯрад. Ҷавонписар, яъне шавҳар аз зан ва фарзанди маъюбаш даст мекашад. Баъд аз он ки оилаҳои онҳо барҳам мехӯрад, муносибати ду оила коста мегардад».

Дар идомаСабоҳат Рустамзода, корманди Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, ки дар раванди корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бо ин гуна оилаҳо ҳамсӯҳбат мешавем ва дар доираи тадбирҳои давлату ҳукумат вобаста ба ташхиси ҳатмии аз духтур гузаштани онҳо, вобаста ба масъулият доштани ҳар як падару модар дар нигоҳубин ва парастории  фарзанд ва дар бораи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пойдории оила ва солимии оила, умуман дар доираи фарҳанги оиладорӣ сӯҳбатҳо мегузаронем.То ин ки оилаи онҳо ба созиш ояд. Хуб мешуд, агар шаҳрвандон ақди никоҳи худро бо шахсони бегона ба қайд мегирифтанд»– таъкид медорад, Сабоҳат Рустамзода.

Дар натиҷаи никоҳи хешутабории наздик оилаҳо барҳам хӯрда, фарзандон аз меҳри падарию модарӣ маҳрум ва ҷавонон дар танҳоиву азоб ҳастанд. Имрӯз ба назар мерасад, ки аксари волидайн фарзандони худро дар заминаи хешу таборӣ хонадор мекунанд. Никоҳи хешутабории наздик бештар дар хонаводаҳои доро ба мушоҳида мерасад. Онҳо барои ҳифзи дороии худ кӯшиш мекунанд фарзандони худро ҷойи бегона надиҳанд ва аз ин тариқ молашон бегона нашавад. Аз никоҳи  хешу таборӣ фарзандон носолим таваллуд мешаванд ва муносибати бад байни зану шавҳар  ва хонаводаи онҳо ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар натиҷа вайроншавии оилаҳо ва канда шудани риштаи хешу таборӣ ба вуҷуд меояд.  Бо вуҷуди он ки издивоҷ байни хешу табор натиҷаи бад медиҳад, аксари аҳолӣ онро як суннати қадимаи мардумӣ медонанд. Бархеи дигар барои ин ки духтарашон дар дасти бегона азоб накашад, домоди худро аз хешовандон интихоб мекунанд, ки дар натиҷа никоҳи амакдухтару тағобача ва ё холабачаву аммабача ба таваллуди фарзандони ноқис ва барҳам хӯрдани оилаҳо сабаб мешавад.

Аз як тараф агар вайроншавии оила маҳз ба зану шавҳар таъсир расонад, аз тарафи дигар кӯдакони маъюб дар зиндагӣ сарсону саргардон мемонанд. Кам нестанд он тифлони маъюбе, ки падару модарон аз онҳо рӯ тофтаанд ва онҳо дар хонаинтернатҳо иқомат доранд. Мувофиқи моддаи 14-и Кодекси оилаи ҶТ никоҳи хешутабории наздик манъ аст. Дар ин бора ҳуқуқшинос Раҳматов Раҳматбой чунин мегӯяд: «Никоҳи хешутаборӣ байни хешовандони наздик мувофиқи моддаи 14-и Кодекси Оилаи ҶТ байни аммабачаву холабача, амакбачаву тағобача, инчунин, падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ, байни фарзандони угай, ки аз як падар ё аз як модар ҳастанд, байни бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода   манъ аст. Аз рӯйи меъёрҳои ахлоқӣ гирем, дар  минталитети мо дуруст намеояд, аммо қонунгузорӣ пешакӣ муқаррар кардааст, ки мабодо ҳамин ҳолатҳо дар Тоҷикистон рӯх надиҳад. Чунки имрӯзҳо дар дигар давлатҳои байналмиллалӣ ҳамин гуна ҳолатҳо ба назар мерасад».

Бунёди оила байни хешовандони наздик аз замонҳои қадим ҳамчун анъана то ҳол давом дорад. Он  аз як ҷиҳат хуб бошад, аз тарафи дигар фарзандони носолим ба дунё меоянд, ки дар натиҷа аксари оилаҳоро рӯ ба парокандагӣ меорад. Афсӯс, шахсоне, ки бо хешу табор  оила бунёд кардаанд,  на ҳамаи онҳо фарзандони солим ба дунё меоранд.

Дар миёни кӯдакони маъюб ҳар гуна нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои гуногун ошкор шудааст, ки яке аз омилҳои асосии он никоҳи хешовандӣ мебошад. Дар мавриди никоҳи хешовандони наздик ва вазъи солимии оилаҳо духтур генетик Мавҷуда Шифоева  чунин мегӯяд: «Олимон муайян кардаанд, ки никоҳи хешутаборӣ ба насли оянда таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ба мо занҳои ҳомиладор муроҷиат мекунанд, аз ташхис муайян мегардад, ки онҳо никоҳи хешутабории наздик доранд ва тифли дар батни онҳо инкишофёфта нуқсони модарзодӣ дорад. Метавонад бо ҳар хел бемориҳо ба дунё ояд. Мо ба онҳо маслиҳат медиҳем, ки тифли дар батнашон бударо сари вақт  гиранд.  Чунки  саломатии фарзандони ояндаи онҳо дар хатар аст. Ҳастанд занҳое, ки дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд. Онҳо то тавлиди фарзандашон ба духтур муроҷиат намекунанд. Баъд аз таваллуд мебинанд, ки фарзанди тавлидёфтаи онҳо  ягон беморӣ ё нуқсонӣ модарзодӣ дорад».

Оила барпо кардан чи барои мард ва чи барои зан як марҳилаи бисёр муҳим ва тақдирсоз мебошад.  Тавлиди тифл барои ҳар як оила рӯзи фаромӯшнопазир, лаҳзаи хушнудиву беқарорист.  Баробари ба дунё омадани тифл волидайн орзӯи онро менамоянд, ки тифли онҳо беолоиш, сиҳату саломат ба дунё омада ба воя бирасанд. Агарчи никоҳи хешутаборӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба миён омадааст, пас, сари масъалаи насли солими ҷомеа, насле, ки баҳри даҳсолаҳои дигар ба дунё меоянд, бояд андеша кард. Ҳамаи ин аз ақлу заковат ва дурандешии аҳли ҷомеа, махсусан, волидон вобастагии калон дорад, зеро ҷомеаи солим ҳамеша ба насли солим такя мекунад.

Зарина Мухторзода,

радиои Тоҷикистон