Мутобиқи Нақшаи тасдиқ намудаи Достгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 22-юми июли соли 2024 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, Мудири бахш аз Достгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарсти соҳа – Бобозода Фаридун, муовинони раис, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳабарони воҳидҳои сохтории Кумита иштирок карданд.
Маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 барои аҳли нишаст аз тарафи котиби матбуотии Кумита манзур карда шуд. Баъд аз он, суолу ҷавоб сурат гирифт.
Суоли нахсутинро намояндаи Агентии иттилоотии “Азия Плюс” пешниҳод намуд, ки он вобаста ба муроҷиати шаҳвардон оид ба кушодани телевизион ва радиоҳои хусусӣ буд. Ба суоли мазкур Сардори бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ Каримзода Тоҷиддин чунин посух дод. “Дар нимсолаи авали соли 2024 вобаста ба мавзўи мазкур 11 муроҷиат (5 телевизион, 2 радио ва 4 студияи истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ) ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, ки ҳамаашон барои тамдиди фаъолият буд. Барои таъсиси телевизион ва ё радиои хусусӣ муроҷиат ворид нагардидааст.
Хабарнигор аз рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” вобаста ба барномаҳои мустақим ва Ток-Шоу суол пешниҳод кард, ки аз ҷониби роҳбарони сохтори дахлдори Кумита ба суоли эшон ҷавоби қонеъкунанда пешниҳод гардид.
Инчунин хабарнигори дигар вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалии Кумита савол пешниҳод кард, ки ба саволи ў раиси Кумита чунин посух дод: “Санаи 7-уми феврали соли 2024 роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори иҷроияи ширкати “Ал-Майсан”-и Аморати Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумита бо ширкати “Ал-Майсан”-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар заминаи дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санаи 6-уми марти соли 2024 раиси Кумита бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардида, зикр шуд, ки ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ, тайёр кардани мутахассисони эҷодию техникӣ ҳамкории самарабахш намоянд.
Вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо санаи 3-юми апрели соли 2024 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷастин Бредфилд – сардори шуъбаи иртибот, таблиғот ва ҳамкории ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои филмҳои аниматсионии бисёрсериягӣ бо забони тоҷикӣ ва пахши он тариқи “Телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” махсус таъкид гардида, омода ва пешниҳоди барномаҳои маърифатию забономӯзӣ барои кӯдакон низ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти Кумита бо роҳбари дафтари намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал мулоқот намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Кумита бо ниҳоди мазкур дар самти ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандони сохторҳои Кумита дар муассисаҳои телевизионии Туркия, ҳамчунин маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба такмили имкониятҳои техникии телевизионҳои зерсохтори Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар доираи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон санадҳои ҳамкории соҳавӣ Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати телевизион ва радиои Чин ва Корпоратсияи телевизион ва радиои музофоти Шэнсии Чин ба имзо расонида шуд.”
Вобаста ба суоли хабрнигори дигар, ки масъалаи корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, раис Кумита чунин посух дод: «Барои сохтмони бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон музояда эълон шудааст, ки дар он ширкатҳои сохтмонӣ иштирок намуда истодаанд. Рўзҳои наздик ширкати ѓолиб муайян мешавад ва байни ширкат ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо мерасад. Аллакай барои таҳхона ва қисми аввали бино маблағ пешбинӣ шудааст, ки дар рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар он оғоз меёбанд. Бино дар ҳудуди 35 садяк замин дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе сохта шуда, он аз 144 ҳуҷра иборат буда, давоми 1,5-2 соли оянда бунёд карда мешавад».
Инчунин дар бораи ба формати дақиқияташ баланд (HD) гузаронидани Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва тармиму таъмири бинои Идораи телевизион ва радиои Вилояти Хатлон барои хабарнигон раиси Кумита Нуриддин Саид маълумиот дод.
Бояд қайд кард, ки айни замон дар мамлакат 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла, 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.
Дар маҷмуъ хабарнигорон ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Шоҳҷаҳон ҚУРБОНОВ,
котиби матбуоти Кумита