Дар Париж маросими ифтитоҳи расмии “Деҳаи олимпӣ” баргузор шуд, хабар медиҳад агентии иттилоотии Синхуа. Аввалин шуда варзишгарони дастаҳои мунтахаби Австралия ва Бразилия ҳаракат карданд. Масоҳати иншоот 52 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин иншоот зиёда аз 14 хазор кас зиндагӣ хоҳад кард. 9 ҳазор нафари онҳо варзишгарон мебошанд. Дар деҳа 40 бинои пастошёнаи истиқоматӣ, инчунин иншооти таълимӣ, толорҳои варзишӣ, дармонгоҳ ва маркази зиддидопинг мавҷуд аст. Қариб чор ҳазор нафар коргарон ва якуним ҳазор нафар ихтиёриён кори “шаҳрчаи спортиро”Деҳаи олимпӣ”-ро таъмин мекунанд. Баъди ба охир расидани мусобиқаи олимпӣ хонаҳои олимпӣ ба биноҳои истиқоматӣ табдил дода мешаванд. Як қисми онҳо ҳамчун хонаҳои давлатӣ истифода бурда мешаванд.