Маъракаҳои гуселу пешвоз дар маросими ҳаҷ ва умра бисёр маврид бо исрофкорию зиёдаравӣ баргузор мешуд. Акнун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ахиран ба он тағйирот ворид шуд, чунин зиёдаравию исрофкориҳоро манъ кардааст.
Ҳаҷ барои касоне фарз шудааст, ки қудрату тавоноӣ доранд. Муҳаббати мардуми мо вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра зиёд мебошад ва боиси шукргузорист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати милии кишвар, сиёсати созандаи Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои муносиб фароҳам гардиданд, то сокинони мамлакат озодона ба зиёрати ҳаҷ ва умра раванд, аммо дар ин росто баъзе камбудиҳоест, ки бартарф шудани онҳо хеле муҳим аст.
Чуноне Хидирзода Муҳаммад, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант гуфт, имсол дар мавсими ҳаҷи фарзӣ аз шаҳри Левакант 15 нафар сафарбар шуда буданд.
Дар моддаи 13-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки чанде қабл дар он тағйирот ворид гардид, сухан дар хусуси маросими ҳаҷ ва умра меравад. Дар он омадааст, ки маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои дар боло манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.
Дар шаҳри Левакант бо мақсади расонидани тайғиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки чанде қабл ворид гардиданд, умуман татбиқи қонуни мазкур гурӯҳҳои корӣ миёни сокинони маҳал корҳои таблиғоти анҷом дода истодаанд.
Ба назар чунин менамуд, ки байни мардум гӯё барои адои ҳаҷ ва умра, рақобат ба миён омадааст. Пас аз бозгашт худнамоиву тақлидкорӣ, исрофкориҳо, ки хилофи дини мубини исломанд, анъана шуда буданд. Бо назардошти ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон санаи 9-марти соли равон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо нигаронӣ иброз дошта буданд, ки: «Мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем».
Ба андешаи мусоҳиби дигарамон, шоир Амиршоҳи Хатлонӣ, мардуми шарифи кишвар бояд донанд, ки ҳамаи намуди маъракаҳо, аз қабили ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат ғайр аз худнамоиву зиён овардан ба иқтисоди оила чизи дигаре нестанд ва дар ягон ояти Каломи шариф низ дарҷ нагардидааст. Бояд ҳамагон донем, ки ҳар сухани Сарвари давлат дар иртибот ба ин мавзӯъ пур аз андарзу ҳикматанд ва ҳатман дар доираи он бояд амал намоем. Ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру эҳсонкорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шудаанд, ки ҳадаф аз он, ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагист.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”