Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар асоси қарори маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Пойтахт” доир гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Раиси ташкилоти ибтидоӣ Нурова Руҳафзо ва аъзоёни ҳизб иштирок доштанд.
Ба муҳокимаи маҷлиси ҳисоботӣ – ҳизбӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуд:
– Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият то моҳи июни соли 2024;
– Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
– Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
– Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
– Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии 33-юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда ҳисоботи фарогири Раиси ташкилоти ибтидоии “Пойтахт” Нурова Руҳафзо, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Норасов Абдуалим ва намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод шунида шуд.
Садорат ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои ҷориро баррасӣ намуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва муовини он, аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” интихоб карда, вакилонро ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии 33-юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод намуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати комёбу комили Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуданд.
Дар охир ба якқатор кормандони тозашомили ҳизб ва фаъолон дафтарчаи ҳизбӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
М. Пардаев