Таҳти ҳамин унвон дар саҳни бинои Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ чорабинии адабӣ бо иштироки шоири ватансаро Муҳаммад Ғоиб доир гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардиданд, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии кормандони Саридора дар иртибот ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” роҳандозӣ шуд.
Зимни баргузории чорабинии адабӣ Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ – Муҳаммад Ғоиб бо такя ба вазъи ҳассосу муракабби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро барои хизмати содиқонаву софдилона даъват намуда, таъкид доштанд, ки дар замони имрӯз давлатдорӣ кори саҳлу осон нест. Дар ин замина доир ба таҳкими ҳисси ватандӯстии кормандони ҷавони Саридора, баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ, нақш ва хизматҳои беназиру бемисли фарзонафарзанди диёр – Пешвои муаззами миллат дар роҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, побарҷонамоии Ваҳдати миллӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо ибрози андеша намуданд. Кормандони Саридора аз эҷодиёти ин шоири ватансарову ваҳдатсарои миллат пораҳои назмиву насрӣ аз худ намуда, зимни чорабинӣ қироат карданд.
Дар фазои ҳусни тафоҳум ба 30 нафар кормандони Саридора китобҳои баландмазмуни шоир “Меҳри Ватан”, “Соярӯшан” ва бо тарҷумаи забони русӣ “Светотень” тақдим гардид.
Пардаев М.