Имрӯз дар МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамони Китобномаи шарҳиҳолии шоир ва нависандаи машҳури кишвар Ато Мирхоҷа баргузор гардид. Дар чорабинӣ олимону профессорон, шоирону нависандагон, намояндагони ВАО ва дигар алоқамандони соҳаи адабиёт иштирок намуданд. Китоби мазкур аз ҷониби Шӯъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон омода ва чоп шуда, он дарбаргирандаи маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолӣ мебошад.
Дар оғози чорабинӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода баромад карда қайд намуд, ки тайи чанд соли охир як силсила дастурҳои библиографии шахсиятҳои шинохтаву донишмандони маъруф, шоирону нависандагон аз ҷониби Шӯъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон омода ва чоп шуд, ки ҳамаи онҳо дар ҳузури устодони каломи бадеъ ва олимони нуктасанҷ рӯнамоӣ шуданд. Ӯ ҳамчунин илова намуд, Ато Мирхоҷа воқеан ҳам як шоири забардаст аст ва мо пайваста шоҳиди шеърҳои тоза ва маҷмӯаҳои нави ӯ мегардем.
Дар идомаи чорабинӣ Рустам Ваҳҳобзода шоири халқии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки иқдомҳое, ки аз тарафи Шӯъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пеш гирифта шудаанд, фақат марбут ба як нависанда ё шоир нестанд, балки ҷузъе аз таърихи адабиёти мо мебошанд.
Азизи Азиз нависандаи адабиёти бачагон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар Китобномаи шарҳиҳолии шоир ва нависандаи машҳури кишвар Ато Мирхоҷа бахши назму наср, адабиёти бачагона, публисистика, мақолаҳо ва китобҳои шоир ҷой дода шудааст, ки барои хонандагон ҷиҳати дарёфи маводи заруриашон кумак мерасонад.
Дар охир миёни шоирону нависандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Қайд кардан зарур аст, ки маҷмуа ба донишҷӯёну омӯзгорон, дӯстдорони каломи бадеъ, адабиётшиносону муҳаққиқон ва доираи васеъи хонандагон ҷиҳати пажуҳиш ва омӯзиши осори Ато Мирхоҷа кӯмак мерасонад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“